Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидбонгоҳи муваққатии атрофи Душанбе ва монеъаҳои мудофиавӣ, ки аз 4-уми сентябр то ин дам гузошта шуда буданд, комилан бардошта шудаанд. Шоми рӯзи гузашта, 20-уми сентябр ҳамчунин охирин сарбозони Вазорати корҳоҳи дохилӣ, ки посгоҳҳои самти Дараи Ромитро назорат мекарданд, ба Душанбе баргаштанд. Зимни тамоси телефонӣ як масъули ВКД ба Радиои Озодӣ гуфт, посгоҳҳои изофӣ бардошта шудаанд, вале дар дидбонгоҳҳо ҳанӯз ҳам назорат ба хотири бехатарии сокинон пурзӯртар боқӣ мемонад.

Сар аз рӯзи 4-уми сентябр, ки ба дастгоҳи Марказии Вазорати мудофиа ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат ҳамлаи маргбор сурат гирифт, дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои назоратии изофӣ ташкил шуд. Ин ҳамлаҳоро расман кори гурӯҳи зери раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон донистанд, ки ба гуфтаи мақомот дар дараи Ромит паноҳ шуда буд. Рӯзи 16-уми сентябр хабари кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш расман тасдиқ шуд. Ба дунболи ин, даҳҳо дидбонгоҳе, ки дар канорҳои Душанбе ва дигар шаҳру навоҳӣ пас аз сар задани ҳодиса пайдо шуда буданд, дубора ғайб заданд.

XS
SM
MD
LG