Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон


Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст. Бонки марказии Русия мегӯяд, дар ин муддат муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 696 миллион доллар фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,3 дарсад камтар будааст. Инчунин, бино ба гузориши Бонки марказии Русия интиқоли маболиғи муҳоҷирони узбак ба ватанашон дар ин давра 55 дарсад ва қирғизҳо 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин муддат муҳоҷирони узбак аз Русия кишварашон 1 миллиарду 149 миллион доллар интиқол додаанд. Мутахассисон сабаби кам шудани ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирони кории Осиёи Миёна аз Русия ба кишварашонро дар коҳиши қурби рубл нисбат ба асъори хориҷӣ арзёбӣ кардаанд. Коҳиши қурби рубли русӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ба паёмадҳои таҳрими Ғарб ба иқтисоди Русия марбут аст. Тибқи омори расмии хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия то охири моҳи августи соли 2015 дар қаламрави ин кишвар 4,3 миллион муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сабти ном шудаанд.

XS
SM
MD
LG