Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мутаваққиф шудани умури поксозии мина дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон


Дар пайи ноамниҳо дар манотиқи шимолии Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, корҳои поксозии мина дар манотиқи марзӣ мутаваққиф шудааст. Ҷӯраҷон Мирзоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон рӯзи панҷшанбеи 27 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ба сабаби даргириҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, умури минарубӣ дар ин хати марз мутаваққиф шудааст.” Ҳол он ки, ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, соли гузашта мутахассисони минарӯб қисмате аз майдонҳои минтақаи марзиро безара гардонида, дар натиҷа 125 мина ва дигар муҳимоти таркандаро кашфу поккорӣ карда буданд. Аммо ба таъкиди ҷаноби Мирзоев, имсол минарӯбҳо ба далели амниятӣ ва ҷангҳо дар Афғонистон корҳоро боздоштанд.

Зимнан, танҳо ноҳияи Панҷ, дар ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон 57 километр марзи муштарак дорад ва тибқи нақша бояд 540 гектар замин дар хати марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аз мина тоза карда шавад. Ба гуфтаи масъули ҳукумати ноҳияи Панҷ, минаҳо дар хати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз даврони Шӯравъ гузошта шуданд, ки ба саломатии шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ба хусус сарбозони тоҷику афғон хатари ҷиддӣ дорад. Поксозии мина дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи мутахассисони Маркази минарщбии Тоҷикистон бо сармояи созмонҳои байналмилалӣ анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG