Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши сахт Кобулро ларзонд


Дар Кобул дар назди бинои ҳукуматӣ як мошини бамгузоришуда таркид ва хонаҳои атрофро ба ларза даровард. 10 нафар дар ин таркиш ба қатл расидаанд ва 128 нафар маҷруҳ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ин таркиш субҳи 7 август рух додааст. Аммо хабаргузории Ройтерз аз қавли сарчашмаҳои амниятии Ғарб навиштааст, ки бештар аз 15 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки таркиш дар назди даромадгоҳи пойгоҳи кашфи артиши миллии Афғонистон рух додааст. Генерал Аюб Солангӣ-муовини вазири корҳои дохилаи Афғонистон дар сафҳаи Twitter-и худ гуфтааст, ки мошини бамгузоришуда дар минтақаи Шоҳ Шаҳид таркидааст.

Мақомоти шифохона мегӯянд, ки муштариёни зиёде дар он ҷо ҷамъ шудаанд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон зиёданд. Бисёриҳо худашон ба пизишкон муроҷиат мекунанд.

XS
SM
MD
LG