Пайвандҳои дастрасӣ

Саидюнуси Истаравшанӣ аз Эрон ихроҷ шудааст


Саидюнуси Истаравшанӣ

Саидюнуси Истаравшанӣ

Саидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик, ки солҳои охир дар Эрон ба сар мебурд, эълон кард, ки ӯро ба далели мавзеъгириҳои сиёсияш нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон аз он кишвар берун кардаанд. Оқои Истаравшанӣ ин матлабро 31 июл дар саҳифаи интернетияш бо номи "Кимиёи саодат" иброз дошт. Ӯ бо ин ҳол навишт, "банда то замоне ки низоми Эрон дар ҳамин росто бошад, аз он ҳимоят хоҳам кард ... ҳатто ҳамин имрӯзҳо, ки ба далели мавозеъи сиёсиам дар робита бо кишвари худам – ки Эрон онро “шарики истротежики” худ мешуморад – аз ин кишвар берунам кардаанд."

XS
SM
MD
LG