Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Чин меравад


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чинияш -- Сӣ Ҷинпин

Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чинияш -- Сӣ Ҷинпин

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Чин биравад. Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, рӯзи 28 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод. Ӯ гуфт, ки оқои Раҳмон дар ҷарёни сафараш ба Чин дар ҳамоише бахшида ба ҷанги дувуми ҷаҳонӣ иштирок мекунад. Сироҷиддин Аслов дар идома Чинро шарики иқтисодии Тоҷикистон донист ва гуфт, ки "ҳамкориҳо бо Чин барои рушди иқтисоди кишвари мо пураҳамит аст".

XS
SM
MD
LG