Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Хадиҷа 7-уми август идома мекунад


Муҳокимаи Хадиҷа дар Боку
Муҳокимаи Хадиҷа дар Боку

Дар Озарбойҷон муҳокимаи додгоҳии Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори шинохта ва ҳамкори Радиои Озодӣ шурӯъ шуд ва маъмурони пулис ҳам нагузоштанд, ки хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва дипломатҳои хориҷӣ ба толори додгоҳ ворид шаванд. Қарор аст, муҳокимаи ӯ рӯзи 7-уми август аз сар гирифта шавад. Хадиҷаро, ки ҳафт моҳ пеш дастгир шуд, ба бӯҳтон задан, сарпечӣ аз пардохти молиёт, тиҷорати ғайриқонунӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд. Вале созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки ҳамаи иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳукумати Озарбойҷон мехоҳад, барои гузоришҳои таҳқиқотии Хадиҷа Исмоилова дар бораи муомилаҳои молии раиси ҷумҳур Илҳом Алиев ва аҳли хонаводааш ниқор бигиранд. Тарафдори Хадиҷа дар назди бинои додгоҳ, номи ӯро садо мезаданд. Дар толори хурде, ки муҳокимаи пешакии ӯ сурат гирифт, афродеро ҷамъ карда буданд, ки ба парванда ҳеҷ робита надоранд ва аз ин роҳ хостаанд, нозирон ба толор роҳ наёбанд. Намояндаи сафорати Фаронса дар Боку ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди онки маъмурони пулис ҳақ надоштанд, монеи ӯ шаванд, вале ба ин дипломат иҷозаи вуруд ба толори муҳокимаро надодаанд.Созмони Афви Байналмилал, Хадиҷаро "маҳбуси виҷдон" хондааст.

XS
SM
MD
LG