Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як чинӣ барои се миллион сомонӣ "пора"


Ин Суян Де, шаҳрванди Чин ва раҳбари ширкати “Сад дарё” дар Тоҷикистон барои пешниҳоди 3 миллион сомонӣ “пора” ба корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст. Олим Забирзода -- сардори дафтари матбуоти Оҷонсӣ гуфт, боздошти раҳбари “Сад дарё” ҳамроҳ бо тарҷумони тоҷикаш Улуғбек Аҳроров 16 июл сурат гирифтааст. “Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни тафтишоти фаъолияти сесолаи ширкати “Сад дарё” - аз соли 2011 то нимаи соли 2015 - маблағҳои махсусан калонро ошкор карданд, ки аз андоз пинҳон дошта шудааст. Шаҳрванди Чин барои рупӯш кардани ин ҷиноятҳои иқтисодии худ ба корманди Оҷонсӣ се миллион сомонӣ “пора” пешниҳод мекунад,” -- гуфт ӯ. Феълан алайҳи Ин Суян Де, сардори ширкати “Сад дарё” бар асоси моддаи 32, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ ва бар зидди тарҷумони тоҷикаш барои хабар надодан аз ҷиноят парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG