Пайвандҳои дастрасӣ

16 июл нируҳои амниятии Қирғизистон дар ду задухурди алоҳида 6 нафар террористони эҳтимолиро ба қатл расонданд ва 5 нафари дигарро боздошт карданд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ононе ки кушта ва боздошт шудаанд, аъзои як гурӯҳи байналмиллалии террористӣ мебошанд.

Гурӯҳи нируҳои вижаи пулиси Қирғизистон бо номи Алфа як хонаи хусусиро дар ҷануби шаҳри Бишкек ба муҳосира дароварданд. Афроди гумонбар ба террорист нахостанд таслим шаванд ва оташ кушоданд.

4 афсар дар ин амалиёт захм бардоштанд. Бино ба гузоришҳо, амалиёт тақрибан як соат давом кард. Гузориш дода мешавад, ки аз сокинон касе кушта нашудааст. Ду мошини оташнишон дар маҳали амалиёт кор мекард, то оташеро, ки дар ҷараёни амалиёт сар зад, хомӯш кунанд.

Бар асоси гузоришҳо, садои тақрибан 20 таркиш ба гӯш расидааст ва эҳтимолан он таркиши норинҷак будааст. Шоҳидони айнӣ иддао мекунанд,ки садоҳои Оллоҳу Акбарро шунидаанд.

Роҳат Сулаймононв-сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки афроди мусаллаҳ ба як ҳамлаи террористӣ омодагӣ мегирифтанд. Хабаргузории Ройтерз гузориш додааст, ки ҳамзамон бо ин амалиёт задухурди дуввум дар атрофи шаҳр рух додааст ва ду ҳамлакунандаи дигар дар ҳамин ҷо ба қатл расонда шудаанд.

XS
SM
MD
LG