Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи сохтмон: Hархи хонаҳо поин рафт


Нуралӣ Саидозода.
Нуралӣ Саидозода.

Тибқи иттилои Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, истифодаи манзили истиқоматӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Нуралӣ Саидзода, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 15 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “дар ин муддат ба масоҳати умумии 418, 5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 36 дар сад бештар аст.”

Аммо ба таъкиди ҷаноби Саидзода, дар пайи таъсири бӯҳрони молӣ нархи манзили истиқоматӣ коҳиш пайдо кардааст. Ба гуфтаи ҷаноби Саидзода, агар ҳар метри мураббаи манзили истиқоматӣ то 1200 доллар қимат дошт, ҳамакнун дар пайи бӯҳрони молӣ арзиш аз 800 доллар ба поён расидааст.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулони кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ Нақшаи генералии 29 шаҳру ноҳия таҳия шудааст. Нуралӣ Саидзода афзуд, ки “нақшаи генералии ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Спитамен ва шаҳраки Прлетари ноҳияи Ҷаббор Расулов барои тасдиқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардида ва нақшаи генералии 6 ноҳияи дигар, аз ҷумла Мӯъминобод, Сарбанд, Қайроқум, Ҷиликул, Дарвоз ва Абдураҳмони Ҷомӣ барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.”

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Саидзода, таҳияи нақшаи генералии 7 шаҳру ноҳияи дигар, аз ҷумла Панҷакент, Бохтар, Мурғоб, Варзоб, Ғончӣ, Ашт ва Ёвон пурра ба анҷом расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи нақшаи Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, тасҳеҳи нақшаи генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин кишвар то охири соли ҷорӣ ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG