Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи шаҳрванди Узбакистон дар Амрико


Фазлиддин Қурбонов

Фазлиддин Қурбонов

13 июл дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии як муҳоҷири Узбакистон дар Амрико 16 машваратчии додгоҳ интихоб шуданд. Ин шаҳрванди Узбакистон барои ҳимоят аз созмони террористӣ муттаҳам дониста мешавад.

Шаҳрванди Узбакистон Қурбонов Фазлиддин ронандаи мошини борбар соли 2009 аз Узбакистон фирор кардааст ва дар соли 2013 вайро дар Амрико мақомоти интизомӣ боздошт кардаанд. Вай эътироф кардааст, ки ба одамон сохтани бомба ва гузоштани он дар нақлиёт ва ҷойҳои дигарро ёд додааст.

Кормандони интизомӣ норинҷаки дастии дарунхолӣ, муҳимоти марбут ба он ва маводди таркандаро ҳангоми бозрасии хонаи зисти вай дар Бойс Айдаҳо пайдо карданд. Ҳамчунин ҳангоми кофтуков чанд нармафзори компютер ва телефонҳоро мусодира намудаанд.

Додситонҳо мегӯянд, ки Қурбонов ба ғарби Амрико сафар ва дар он ҷо ба Ҳаракати Иломии Узбакистон кӯмак кардааст. Ин созмони террористӣ дар Узбакистон фаъолият мекунад.

Фазлиддини 32 сола ҳамаи ин иттиҳомотро рад кардааст. Мурофиаи додгоҳии вай 14 июл оғоз меёбад ва шаш ҳафта давом мекунад.

XS
SM
MD
LG