Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Юнон раъйдиҳӣ идома дорад


Дар Юнон райдиҳӣ идома дорад. Дар он ҳудуди 10 миллион нафар райдиҳанда шарту шароити кӯмакҳои байналмиллалӣ ба кишвари худро муайян мекунанд. Кӯмаккунандагони байналмилалӣ, яънеКумиссиюни Аврупо, Сандуқи Байналмиллалии Пул ва Бонки марказии Аврупо пофишорӣ доранд, ки Юнон ин қарзҳоро бигирад.

Ин райдиҳиро ҳафтаи гузашта эълон карданд, зеро чанд рӯз пеш аз он Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфт, ки Юнон қарзҳои худро пардохт карда наметавонад.

Дар ин райдиҳӣ акнун шаҳрвандони Юнон бояд дақиқ кунанд, ки оё онҳо омода ҳастанд шарту шароити кӯмаккунандагонро бипазиранд ва ё онро рад мекунанд. Қарздиҳандагон мехоҳанд Юнонро аз бӯҳрони қарз наҷот диҳанд.

Шарту шароити онҳо аз як тараф додани қарзҳои нав ба Юнонро пешбинӣ мекунад, вале аз тарафи дигар барои додани чунин қарзҳо сиёсати ояндаи иқтисодии ҳукумати Юнонро маҳдуд месозад.

Дар остонаи ин райдиҳӣ Алексис Тсипрас-нахуствазири Юнон аз шаҳрвандони кишвараш хост, ки дар ин райдиҳӣ қотеъона ба чунин шароит “на” бигӯянд. Рӯзи шанбе Янис Варуфакис-вазири молияи Юнон рафтори қарздиҳандагонро ба “тероризм” монанд кард.

XS
SM
MD
LG