Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса ба Ҷулиан Ассанж паноҳандагӣ надод


Ҳукумати Фаронса дархости паноҳандагии Ҷулиан Ассанж, муассиси вебсайти Викиликсро рад кардааст, зеро ба гуфтаи ҳукумат, айни замон ба Ҷулиан Ассанж “ҳеҷ гуна хатар” таҳдид намекунад. Дафтар раёсати ҷумҳурии Фаронса рӯзи 3-уми июл бо нашри баёнияе гуфт, ки “бо назардошти ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва вазъи иқтисодии Жулиан Ассанж ҳукумати Фаронса дархости ӯро қабул карда наметавонад.” Дар ин баёния омадааст, ки дархости боздошти Ҷулиан Ассанж дар Аврупо вуҷуд дорад. Муассиcи вебсайти Викиликс дар як номаи саркушодае, ки дар рузномаи Ле Монд рӯзи 3-уми июл нашр кард, худро хабарнигоре муаррифӣ кардааст, ки Амрико барои у фаъолиятҳои касбиаш таъқиб дорад. Ҷулиан Ассанж, ки дар сафорати Эквадор дар Лондон се сол боз паноҳ мебарад, ба озору азияти ҷинсии ду зан дар Шветсия муттаҳам мешавад. Парванда алайҳи ӯ баъд аз он боз шуд, ки Ҷулиан Ассанж садҳо ҳазор мукотиботи махфии низомӣ ва дипломатии Амрикоро дар вебсайти Викиликс нашр кард.

XS
SM
MD
LG