Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо назардошти гармои шадид, аз саломатии сокинони кишвар дар ташвиш шуда, ниҳодҳои худро барои омӯзиши вазъ дар манотиқи кишвар, муваззаф кардааст. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 25 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз як тараф гармои ҳаво ва аз тарафи дигар моҳи Рамазон, ки нӯшидани об барои рӯзадоронро давоми рӯз номумкин медонад, ба вазъи саломатии сокинон таъсир мерасонад. Ин аст, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ниҳодҳои худ дар вилоятҳо супориш додааст, ки вазъи саломатии мардумро биомӯзанд ва ба вазорат гузориш диҳанд.

Наврӯз Ҷаъфаров афзуд, бо шурӯи гармои тобистон, то ҳол ба бемористонҳо ва марказҳои тиббӣ шикоят ва ё ҳодисаҳои фавти инсонҳо ба қайд гирифта нашудааст, вале сарфи назар аз ин, онҳо тадобири эҳтиётиро рӯи даст гирифтаанд. Тавре идораи обу ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар авоили моҳи равон гармии ҳаво дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар навоҳии ҷанубии кишвар ба 40-44 дараҷа расид. Ва ҳоло мизони гармии ҳаво аз 34 то 38 дараҷа нишон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG