Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БҶ барои бозсозии Непал кумак мекунад


Непал баъд аз зилзила
Непал баъд аз зилзила

Бонки Ҷаҳонӣ қавл додааст, ки бештар аз ним миллиард доллар барои бозсозии Непал ҷудо мекунад. Ин кишвар дар моҳи апрел аз зилзилаи шадид осеб дид ва бештар аз 9000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, барои бозсозии хонаҳо дар манотиқи дурафтода 200 миллион ва ба ҳукумати Непал мустақиман 100 миллион доллар кӯмак мерасонад.

Ба гуфтаи бонк, ба 200 миллион доллар 100 миллиони дигар изофа хоҳад шуд ва он аз тарҳҳои мавҷуда дар Непал ба ин кор равона мешавад. Непал аз кӯмаккунандагони байналмиллалӣ хостааст, ки ҳафтаи ҷорӣ дар конфронсе ширкат кунанд. Дар ин конфронс масъалаи кӯмак ба Непал баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG