Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Арабистони Саудӣ аз шаҳрвандонаш


Давлати Арабистон Саудӣ аз шаҳрвандонаш хостааст, “санадҳоеро, ки мумкин аст, сохта бошанд” паҳн накунанд. Баёнияи вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 21-уми июн ва баъди он нашр шуд, ки вебсайти Викиликс рӯзи 19-уми июн бастаи аввали мукотиботи маҳрамонаи дипломатии сафоратҳои Арабистони Саудиро нашр кард. Аксари 60 ҳазор мукотиба ба забони арабӣ ҳастанд ва Усома Нақлӣ сухангӯи вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 21-уми июн гуфт, ки “аксари онҳо бо возеҳан сохта шудаанд”. Ба гуфтаи ӯ, Арабистони Саудӣ иҷоза намедиҳад, ки “душманони кишвар бо табодул ва ё нашри ҳаргуна санад ба мақсадашон бирасанд.” Кристин Ҳрафнсон, сухангӯи Викиликс рӯзи 19-уми июн гуфт, ки ҳамаи санадҳо аслианд ва вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ мустақиман ин гуфтаро рад накардааст.

XS
SM
MD
LG