Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Путин


Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ҳамтои русаш Владимир Путин солгарди иди миллии Русия, яъне рӯзи қабули Декларатсия дар бораи истиқлолияти давлатии он кишварро табрик гуфтааст. Оқои Раҳмон афзудааст, “Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегии мо ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад.” Ӯ ба муносибатҳои гуноунҷабҳаи Тоҷикистону Русия, ки, ба қавли раисиҷумҳур, рушди он ба робитаҳои самимӣ ва мунтазами сиёсӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд додааст.

“Мо мӯътақид бар онем, ки кишварҳои мо метавонанд муносиботи худро бо ҳамкориҳои мустаҳкам, ки ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳоянд, бо майлҳои мусбат пурратар созанд ва онҳоро ба дараҷаи нави босифат, ки мутобиқ ба иқтидори ғании мост, бароранд. Мо бо ҷасорати қатъӣ барои ин кор тамоми кӯшишҳои лозимиро равона месозем,”-таъкид доштааст ӯ. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охир номааш ба Путин саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбӣ ва ба мардуми рус беҳбудӣ ва пешрафт орзу кардааст.

XS
SM
MD
LG