Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ироқӣ ба маркази Байҷӣ расиданд


Шибҳанизомиёни шиа дар шаҳри Байҷӣ
Шибҳанизомиёни шиа дар шаҳри Байҷӣ

Нерӯҳои ироқӣ бо мусоидати зарбаҳои ҳавоии ИМА дар набард бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» роҳ барои интиқоли таҷҳизот ва кӯмаки иловагӣ ба шаҳри Байҷӣ ва корконаи коркарди нафти онро ҳамвор карданд. Шаҳр ва корхона дар чорроҳаи стратегӣ дар шимоли шаҳри Тикрит ва шоҳроҳи Бағдод-Мовсил ҷойгиранд.

Вазорати дифои ИМА рӯзи 8 июн тасдиқ кард, ки нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзҳои шанбеву якшанбе то ба маркази шаҳри Байҷӣ расиданд. Полковник Стив Уоррен, намояндаи Пентагон, гуфт, ки дар бораи озод шудани шаҳр ва бузургтарин дар Ироқ корхонаи коркарди нафт ҳарф задан барвақт аст, аммо пешрафт аён аст.

Нерӯҳои ироқӣ бо ҷангҳо ба кӯмаки нерӯҳое расиданд, ки дар муҳосираи гурӯҳи «Давлати исломӣ» қарор доранд.

XS
SM
MD
LG