Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 июн дар вилояти Алмаато дурӯзаи гурӯҳҳои наҷоти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой оғоз ёфт.

Дар ҷараёни ин машқҳо гурӯҳҳои наҷот роҳҳои наҷоти аҳолӣ дар вақти зилзилаи харобиоварро машқ мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вазорати корҳои дохилаи Қазоқистон хабар додааст.

Дар ин машқҳо гурӯҳҳо аз Қазоқистону Русия, Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин ширкат доранд.

Владимир Бошко-муовини вазири корҳои дохилаи Қазоқистон ва Гу Чаосӣ-муовини вазири умури шаҳрвандӣ дар машқҳо ҳузур доранд. Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой чунин машқҳоро аз соли 2009 баргузор мекунанд.

XS
SM
MD
LG