Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

407 ҷангӣ аз Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон


Раҳбари идораи амнияти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи ҷангиён аз Тоҷикистон дар Афғонистон ва Ироқу Сурияро беш аз 400 нафар баровард кардааст. Нусратулло Мирзоев, сардори идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки рӯзи 21 май дар ҳамоише дар шаҳри Хоруғ сӯҳбат мекард, гуфт, танҳо дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон 30 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Азия Плюс”, оқои Мирзоев дар анҷумани илмию амалӣ дар мавзӯи “Таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ ба амнияти ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он” ҳамчунин гуфт, то имрӯз шахсияти 344 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, муайян карда шудааст. Ҷамъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёнаро Нусратулло Мирзоев ҳудудан 377 нафар баровард кардааст.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, то имрӯз хабари ҳалокати 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст. Нусратулло Мирзоев гуфтааст, дар вақташ маҳз ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ беш аз 4100 муҳассили тоҷикро аз мадрасаҳои хориҷӣ баргардонданд.

Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 10 рӯз пеш дар ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки тибқи умури фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, 386 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон меҷанганд ва аз ин теъдод, 40 нафарашон зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ ба ин кишварҳо бурдаанд. Ба гуфтаи Раҳимзода, дар интиқол додани шаҳрвандони Тоҷикистон нафареро аз ноҳияи Ваҳдат дастгир карданд, ки барои ҳар нафари ҷалбкардааш маблағи ҳангуфт дарёфт мекардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандони худ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”-ро таҳдид ба амнияти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои онҳое ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, ваъдаи афв додаанд.

XS
SM
MD
LG