Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ: Нозирон ба муассисаҳои эронӣ намедароянд


Оятулло Алӣ Хоманеӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, дар сӯҳбате дар Донишгоҳи низомии ба номи Имом Ҳусейни Теҳрон, имкони тафтиши муасссисаҳои низомии кишвар аз сӯи нозирони таслиҳотӣ ва пурсуҷӯи донишмандони бахши ҳастаиро рад кард.

Хабаргузориҳо рӯзи 20 май аз қавли Хоманеӣ навиштанд, ки Эрон ягон хел талаби “беақлона” ҳангоми музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишварро қабул нахоҳад кард. Ӯ гуфтааст, "мо ба тафтиши муассисаҳфои низомӣ аз сӯи хориҷиҳо иҷоза намедиҳем", "ман ба хориҷиҳо иҷоза намедиҳам, ки омода бо донишмандони мо сӯҳбат кунанд”.

Изҳороти Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ дар ҳоле нашр шуд, ки Эрон ва гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” – Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон рӯи тарҳе кор мекунанд, ки бар пояи он Теҳрон миқёси барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад.

Эрон ва гурӯҳи "панҷ ба изофаи як" ҳоло ҷузъиёти созишномаро баҳс доранд ва он бояд то 30 июн имзо шавад.

Аз ин пеш Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ таъкид карда буд, ки таҳримҳо алайҳи Эрон на марҳала ба марҳала, балки билофосила баъд аз имзои созиши ниҳоӣ лағв карда шаванд.

Кишварҳои ғарбӣ аз он бим доранд, ки Эрон бо ғанисозии ураниум талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро хоҳад кард. Теҳрон дар ҷавоб мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.

XS
SM
MD
LG