Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусаллаҳони ҷунбиши «Толибон» дар вилояти Пактиё, воқеъ дар шарқи Афғонистон, роҳҳоро баста, чанд сокини маҳаллиро рабуданд.

Мансабдорони полиси вилоят гуфтанд, ки ситезаҷӯён рӯзи 16 май дар минтақаи Сайёд Карм мошинҳоро нигаҳ дошта, мусофирони онҳоро бо худ бурданд.

Бар пояи иттилоъ аз манбаъҳои гуногун, толибон аз 6 то 27 нафарро гаравгон гирифтаанд. Сабабҳои даст ба ин одамрабоӣ задани толибон ҳанӯз маълум нест. Онҳо масъулияти ин ҳамларо дар паёме дар Твиттер бар дӯш гирифтанд.

Дар манотиқи шарқии Афғонистон гурӯҳҳои алоҳидаи «Толибон» ва шабакаи Ҳаққонӣ мустақаранд, ки пайваста ба постгоҳҳои полис ҳамла ва роҳҳоро минагузорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG