Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

37 қурбонии заминларзаи нав дар Непал


Бар асари заминларзаи нав дар Непал, ки рӯзи 12 май рӯй дод, бар пояи иттилои пешакӣ, дасти кам 37 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар Ҳиндустону Тибет ҳам чандин нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Катманду, пойтахти кишвар, дубора баста шуд.

Хадамоти назорати геологии ИМА рӯзи сешанбе хабар дод, ки маркази зилзилаи нерӯяш 7,4 дараҷаи Рихтер дар 68-километрии ғарби минтақаи Навчӣ Бозор, дар байни Катманду ва кӯҳи Эверест ва дар марзҳои Чин воқеъ буд.

Непалро ду ҳафта боз заминларзаҳо такон медиҳанд. Мудҳиштарин заминларза рӯзи 25 апрел ба вуқӯъ пайваста буд, ки бар асари он беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 17800 нафар маҷрӯҳ шуданд. Нерӯи он заминларза 7,8 дараҷаи Рихтер буд.

XS
SM
MD
LG