Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҷинпинг ба Қазоқистон, Русия ва Беларус


Си Ҷинпинг
Си Ҷинпинг

7 май Си Ҷинпинг-раиси ҷумҳури Чин силсилабоздидҳои худро оғоз кард. Вай дар ҷараёни ин сафар аз Қазоқистону Русия ва Беларус боздид мекунад.

Баъд аз бозиди мухтасар аз Остона-пойтахти Қазоқистон Си Ҷинпинг ба Маскав меравад ва дар Маскав 9 май дар паради 70 солагии Ғалаба бар Олмони Нозӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ширкат меҷӯяд.

Бо вуҷуди он ки дипломатҳои кишварҳои мухталиф дар ин парад ширкат мекунанд, вале раҳбарони аксари кишварҳои ғарбӣ барои ҷонибдории Русия аз ҷудоихоҳони шарқи Украина ва гирифтани Қрим онро бойкот кардаанд.

Аз 8 то 10 май Си Ҷинпинг бо Владимир Путин-раиси ҷҷумҳур ва бо Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия мулоқот мекунад. Аз 10 то 12 май аз Беларус боздид ва бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури он мулоқот анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG