Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз марги гаравгонон ғамгин шудааст


Ҳукумати Амрико гуфт, як гаравгони амрикоӣ ва як итолиёӣ моҳи январ дар амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои Амрико дар наздикии марзи Афғонистону Покистон кушта шудаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз онки амалиёт бо марги ду асири шабакаи Ал-Қоида анҷом ёфт, “фавқуллода ғамгин” шудааст. Аҳмад Форуқ, шаҳрванди Амрикоро, ки як раҳбари Ал-Қоида шуда буд, дар ҳамин амалиёт нобуд кардаанд. Як амрикоии дигар бо номи Адам Гаданпоро, ки ба Ал-Қоида пайвастааст, моҳи январ дар амалиёти дигар куштаанд. Варрен Вейнштейн, шаҳрванди Амрико соли 2011 ба асорати Ал-Қоида афтод, Ҷованни Ло Порто, шаҳрванди Итолиёро соли 2012 рабуданд. Барак Обама ба хешовандони ин ду нафар таъзия баён кард ва аз фарҷоми бади амалиёт изҳори таассуф кард. Ба гуфтаи Кохи Сафед, маъмурони амниятӣ, нодониста қароргоҳеро нобуд кардаанд, ки дар онҷо гаравгононро нигаҳ медоштанд. Бино ба гузоришҳо, қароргоҳро ҳавопаймоҳои бесарнишин аз байн бурдаанд. Варрен Вейнштейни 73–сола, мутахассиси соҳибкорӣ бо Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико дар Покистон кор мекардааст ва Ҷованни Ло Порто корманди як созмони имдодӣ будааст.

XS
SM
MD
LG