Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмакҳои фаврӣ ба беҷошудагони Ироқ шуд


СММ мегӯяд, ки бештар аз 90 000 нафар дар натиҷаи ҷангҳои байни нируҳои ҳукуматии Ироқ ва тундравҳои “Давлати Исломӣ” дар вилояти Анбор аз маконҳои зисти худ беҷо шудаанд. Лиз Гранде-ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии СММ дар Ироқ 19 апрел дар эъломияе гуфт, ки “вазъташвишовар аст ва танҳо кӯмакҳои фаврии башарӣ метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад”.

Хонум Гранде гуфт, бартарии асосӣ ба наҷоти ҷони одамон фиристодани кӯмакҳо, аз қабили ғизову об, ва сарпаноҳ барои ҳазорон нафаре дода мешавад, ки ҷойҳои зисти худро тарк кардаанд.

Тундравҳои “Давлати Исломӣ” ё ДОИШ моҳи гузашта дар Тикрит аз нируҳри ҳукуматӣ ва ниманизомии шиа шикаст хӯрданд, вале дубора ба Анбор баргаштанд. Мақомоти вилоятӣ дар оғози ҳафта ҳушдор дода буданд, ки маркази идории вилоят-шаҳри Рамодӣ дар хатар аст ва мумкин аст тундравҳо онро ба тасарруфи худ дароранд.

Мақомоти Бағдод мегӯянд, ки нируҳои Ироқ барои ҳамлаи бештари ҷавобӣ ба нируҳои ДОИШ дар Рамодӣ омодагӣ мегиранд.

Тақрибан 2,7 миллион нафар ироқиҳо аз моҳи январи соли 2014 то ҳол беҷо шудаанд. 400 000 нафари онҳо сокинони вилояти Анбор мебошанд.

XS
SM
MD
LG