Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ барои кӯмаки башарӣ ба Яман


Созмони Милали Муттаҳид хостори ҷамъоварии 273 миллиону 700 ҳазор доллар барои ниёзмандиҳои башарии мардуми Яман дар се моҳи оянда шуд.

Идораи СММ дар масоили ҳамоҳангсозии умури башарӣ рӯзи 17 апрел изҳор намуд, ки бар асари набардҳо дар Яман дасти кам 150 ҳазор нафар манзили зисти худро тарк намуданд. Ба иттилои ин ниҳод, аз 19 март то 13 апрел даргириҳо мунҷар ба ҳалокати 767 яманӣ шуданд ва теъдоди қурбониён рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол низоъ дар Яман идома меёбад. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба як мақоми маҳаллӣ рӯзи ҷумъа хабар дод, ки бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ ба корвони ошӯбгарон дар шаҳри бандарии Адан дасти кам 20 тан аз шибҳанизомиёни ҳусӣ кушта шуданд. Ин хабаргузорӣ дар бораи ҳалокати 16 нафар, аз ҷумла, се сокини осоишта дар задухӯрд миёни ҳусиҳо ва сарбозони содиқ ба раисиҷумҳури барканоршудаи Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ дар шаҳри Таез, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар иттилоъ дод.

Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 16 апрел хостори оташбас ва хатми низоъ дар Яман шуд.

XS
SM
MD
LG