Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Манкурт”-и Чингиз Айтматов балет мешавад


аксе аз филми бадеии "Манкурт"
аксе аз филми бадеии "Манкурт"

Театри операву балети ба номи Малдибоеви Қирғизистон нахустнамоиши балети замонавӣ – модерн-балети “Манкурт”-ро ба саҳна мегузорад. Намоишнома қарор аст рӯзҳои 18 ва 19 апрел дар шаҳри Бишкек ба саҳна гузошта шавад. Муаллифи оҳанг Калия Молдобасанова буда, сужаи ин намоишнома за рӯзи асари маъруфи Чингиз Айтматов “Рӯзи тӯлонитар аз аср” гирифта шудааст.

Ин намоишнома бар пояи сужаи таърихие сохта шуда, дар жанри фоҷеаи лирикӣ сохта шудааст. Бо забони рақси балет муаллифон қиссаи ишқи фоҷеабор, адоват ва ҷаҳолати инсонӣ, ғуломиву равобити носолими инсонҳоро қисса мекунанд. Моҷарои асосии ин намоишнома бар пояи муборизаи инсон барои аз ҳолати манкуртӣ – нобудии ақливу худшиносӣ раҳо кардани инсони дигар бунёд шудааст.

Басаҳнагузоранда ин асар ва ҳам рассоми намоишнома ҳунарманди маъруф ва дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Чингиз Айтматов Талант Осмонов мебошад. Дар ин намоишнома ҳунарпешаҳои театри операву балети ба номи Малдибоев ва ҳам шогирдони мактаби рақси донишкадаи маҳаллӣ иштирок мекунанд.

Чингиз Айтматов аз барҷастатарин нависандагони на танҳо Қирғизистону Иттиҳоди Шӯравӣ буд, балки шӯҳрати ҷаҳонӣ ҳам дошт ва асарҳои ӯ ба садҳо забон тарҷума ва нашр шудаанд. Худи нависанда соли 2008 дар Нюрнберги Олмон даргузашт. Дар 80 соли умраш Айтматов даҳҳо асаре офаридааст, ки аксарияташон якбора маъруф шуда, ба пурхонандатаринҳо табдил шудаанд. “Рӯзи тӯлонитар аз аср” яке аз чунин асарҳост, ки дар бораи фоҷеаи манкурт – беаслу худношинос кардани миллату қавмҳо аз ҷониби ғасбгаргони бегона қисса мекунад.

XS
SM
MD
LG