Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асири "Давлати Исломӣ" сафир дар Тоҷикистон шуд


Консули Туркия дар Мавсили Ироқ Озтурк Йилмоз, ки се моҳро ҳамроҳ бо 46 корманди консулгарӣ дар асорати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба сар бурдааст, сафири Туркия дар Тоҷикистон таъин шуд. Йилмоз 7-уми июни соли 2014 аз тарафи ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ”гаравгон гирифта шуд ва танҳо дар моҳи сентябри он сол эҳтимолан дар ивази як созиши байни ҳукумати Туркия ва гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба табодулаи 47 корманди консулгарӣ бо маҳбусон озод гардид ва ба Туркия бозгашт.

XS
SM
MD
LG