Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати даҳ нафар дар таркишҳои Афғонистон


Дар Афғонистон бар асари ба минаҳои сарироҳӣ бархӯрдани ду мошини полис рӯзи 6 апрел дасти кам даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Фарид Афзалӣ, раиси яке аз бахшҳои полиси Кобул гуфт, ки дар таркиш дар волусволии Қарабоғ, воқеъ дар тақрибан 50 километрии шаҳри Кобул, чаҳор корманди полис ва ду сокини осоишта ҷон бохтанд. Дар ин ҳодиса ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар вилояти Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, бошад таркиши минаи сарироҳӣ мунҷар ба ҳалокати чаҳор корманди полис шуд. Дар ин ҳодиса ду корманди дигар полис ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулияти ҳамлаҳоро то ҳол гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Аммо мақомоти Кобул ангушти иттиҳом сӯи ҷунбиши “Толибон” кардаанд, ки мусаллаҳонаш дар ҳамлаҳо ба мақомот ва кормандони полису хадамоти амниятӣ аз минаҳои сарироҳӣ фаровон истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG