Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои навбатии Вазорати холатхои фавкулоддаи Русия аз пойтахти Яман Маскав парвоз кард. Дар он дар баробари шахрвандони Русия ва кишварҳои дигар беш аз 70 нафар шахрвандjни Точикистон низ ҳастанд. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино бар маълумоти ин манбаъ, тақрибан 20 нафари онхо кудакон мебошанд. Сафорат аз чанд шаҳрванди Тоҷикистон пизишкон-масъулини баъзе ширкатхои Русия, ки феълан дар фурудгохи Санъо буда ва ба хамватанон ёрии амалӣ мерасонанд, изхори сипос кардааст.

Сафорат мегӯяд, тибки мукарарот шахрвандони Точикистон, ки аз Яман ба Маскав оварда мешаванд ва тасмими бозгашт ба Точикистонро доранд, мустакиман аз фурудгохи харбии Чкалови Руссия тавассути мошинхои махсуси Вазорати холатхои фавкулоддаи Русия ба фурудгоххои лозимӣ, аз чумла ба Домодедово бурда мешаванд, ки ончо онхоро масъулини ситоди сафорат, яъне дипломатхо ва намояндаи хадамоти мухочират интизоранд. Дар худи фурудгох аз онхо истикбол мекунанд ва хуҷҷтгузории онхоро ба чой меоранд. Интизор меравад, ки дар нимаи аввали рӯзи якшанбе онхо ба Душанбе парвоз намоянд.

Сафорат дар ин хабари худ меафзояд, онхоеро, ки ниятхои дигар доранд, аз чумла мехонанд дар Маскав бимонанд ва ё қасди кишвари дигарро доранд, ба Маркази зиддибӯҳронии вазорати умури хориҷаи Русия интикол медиханд, ки дар ончо низ кормандони Сафорат онхоро истикбол менамоянд.

Ахиран хонаводаи Умеда Сафарова, яъне писараш Азизбек ва шавхари ямании ӯ дар мехмонхонаи Точикистон вокеъ дар Маскав чойгир карда шудаанд. Бо дархости сафорат рахбарияти мехмонхона бо назардошти вазъи ба миёномада, аз ин хонавода хуб истибол намуда, аз харочоти будубош онхоро ба пуррагӣ озод кард.

Кормандони Хадамоти консулгарии Сафорат хуччатхои онхоро барои идомаи сафарашон ба кишвари сеюм, яъне Туркия, ки ин хонавода азми ончо доранд, омода намуданд. Интизор меравад, ки шоми имруз онхо озими Истамбул шаванд.

7 нафар пизишкони точик дар Адан шахре дар чануби Яман дар мондаанд ва имкони то пойтахти Яман- Санъо расидан надоранд. Сафорат аз онҳо хостааст, то худро ба Арабистони Саъудӣ, ки нисбатан наздиктар аст бирасонанд, то масъулини сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар барои бозгашт ба Ватан ба онҳо кӯмак расонанд.

XS
SM
MD
LG