Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии пешини Қирғизистон боздошт шуд


Раҳматулло Ҳоҷӣ Эгамбердиев-муфтии пешини Қирғизистон
Раҳматулло Ҳоҷӣ Эгамбердиев-муфтии пешини Қирғизистон

Пулиси Қазоқистон Раҳматулло Ҳоҷӣ Эгамбердиев-муфтии пешини Қирғизистонро боздошт кард. Бишкек вайро барои саркашӣ аз пардохти молиёт дар ҷустуҷӯ эълон карда буд.

Берик Қаипов-қозии додгоҳи ноҳияи Сариоғочи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ 2 апрел гуфт, ки Эгамбердиев 29 март боздошт шуда будааст.

Ба гуфтаи Қаипов, Эгамбердиев эътироф намекунад, ки гунаҳгор аст ва иддао дорад, ки парвандаи зидди вай доооли ангезаи сисёсист. Ба гуфтаи Қаипов, Эгамбердиев аз Қазоқистон паноҳандагии сиёсӣ хостааст.

Моҳи декабри соли 2012 рӯҳониёни Қирғизистон вайро барои 5 сол муфтии ин кишвар интихоб карда буданд. Муфтии пеш аз вайро низ барои саркашӣ аз пардохти молиёт муттаҳам карда буданд.

Эгамбердиев моҳи январи соли 2014 баъд аз моҷаро роҷеъ ба навори видеоие, ки дар он муносибати маҳрамонааш бо як зани ношиносро нишон медод, аз мақомаш канор рафт.

XS
SM
MD
LG