Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи ҷаласаи аввали Маҷлиси Олӣ


Ҷаласаи якуми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 март фармон имзо кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бар пояи Қонуни асосии Тоҷикистон 6 нафар - Фарҳод Раҳимӣ, президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Хайрулло Сафарзода, директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи нерӯгоҳи барқии обии Роғун, Саодат Аминҷонова, муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови Хуҷанд, Меҳринисо Бобобекова, раиси бунёди байналмилалии “Хубони порсигӯ”, Мурзабай Ҷошбаев, раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва Абдурасул Насимов, раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румиро аъзои нави Маҷлиси миллӣ, палатаи болои парлумони Тоҷикистон таъин кард.

XS
SM
MD
LG