Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳ ба муносибати Наврӯз дар Душанбе


Имрӯз намоишгоҳи байналмилали тавлидоти сохтмонӣ ва технологияҳои Эрону Афғонистон дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кардааст. Ин намоишгоҳ ба муносибати иди Наврӯз дар маҷмааи “Кохи Борбад” ифтитоҳ шуд ва муддати панҷ рӯз идома хоҳад кард. Мубтакири аслии ин намоишгоҳ, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буда, дар ҳамкорӣ бо ширкати “Роҳи руши Эрон” созмон дода шудааст. Муҳаммади Умронӣ, раҳбари ширкати “Роҳи рушди Эрон” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин намоишгоҳ 56 ширкати Афғонистон ва 17 ширкати бузурги Эрон тавлидоти саноатии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Ҷаноби Умронӣ ҳадафи аслии аз баргузории ин намошигоҳро, ташкили бозори нави кишварҳои ҳамзабону ҳам тамаддун унвон кард. Бар иловаи молу тавлидоти сохтмонӣ ва дастгоҳу технология, колоҳои ширкатҳои эронӣ ва афғонӣ низ дар намоишгоҳ гузошта шудаанд. Муҳаммади Умронӣ ибрози умедворӣ кард, ки баргузории ин намоишгоҳ метавонад, заминаеро барои густариши ҳамкориҳо миёни соҳибкорон ва раҳбарони ширкатҳои се кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон фароҳам кунад. Дар гузашта низ намоиши молу коло ва тавлидоти сохтмонӣ ва технологияҳои Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG