Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Эстония интихоботи порламонӣ идома дорад


Таавӣ Ройвас бо Франсуа Олланд (акс аз бойгонӣ)

Таавӣ Ройвас бо Франсуа Олланд (акс аз бойгонӣ)

1 март дар Эстония мардум дар интихоботи порамонӣ рай медиҳанд. Ин интихобот рақобати эътилофи марказгарои чапро, ки ҳоло дар сари қудрат қарор дорад, бо ҳизби мухолифи ҷонибдори Кохи Кремли Маскав рӯшантар хоҳад кард. Аз ҳизби мухолифи ҷонибдори Кремл аслан рустаборон ҳимоят мекунанд.

Интизор меравад, ки Таавӣ Ройвас-нахуствазири Эстония ҳамчунон дар садри ҳукумат боқӣ бимонад. Натиҷаҳои назарпурсии 28 феврал дар ин кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад. Дар ин назарпурсӣ аз Ҳизби Ислоҳоти нахуствазир 26 дарсад ва аз Ҳизби Марказии Эстония, ки ҷонибдори Кремл аст, 22 дарсад ҷонибдорӣ кардааанд.

Назарпурсии ахир нишон медиҳад, ки ҳизби Сотсиал-Демократ 19 дарсад ва ҳизби муҳофизакори IRL тақрибан 16 дарсад рай хоҳанд гирифт.

Шаш ҳизби хурд талош хоҳанд кард, ки аз марзи 5 дарсад бигзаранд ва ба порламон роҳ ёбанд. Порламони Эстония аз 101 курсӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG