Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ному насаби аслии "Ҷони Ҷиҳодӣ" ошкор шуд


Хадамоти кашфи Бритониё номи насаби аслии шахсеро, ки пештар чун «Ҷони Ҷиҳодӣ» маъруф буд, ошкор карданд. Ба иттилои хабаргузориҳо, ин шахс Муҳаммад Эмвазӣ ном дорад, шаҳрванди кувайтиасли Бритониё аст ва қаблан дар ғарби Лондон ба сар мебурд.

Мақомоти расмии Бритониё то ҳол ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Эмвазӣ бори нахуст дар навории видеоии гурӯҳи «Давлати исломӣ» моҳи августи соли гузашта ҳангоми қатли хабарнигори амрикоӣ Ҷеймс Фоулӣ пайдо шуд. Баъдан ӯ дар қатли дигар хабарнигори амрикоӣ Стивен Сотлоф, корманди созмони хайрияи бритониёвӣ Дэвид Ҳейнс, ронандаи бритониёвӣ Алан Ҳеннинг ва дигарон ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG