Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 30 шиаро рабуданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки афроди мусаллаҳи номаълум 30 нафар пайравони шиаро дар вилояти Зобул рабудаанд. Онҳо бо автобус сафар мекарданд.

Ин пайравони рубудашудаи шиа аз қавми ҳазора мебошанд, ки 23 феврал дар роҳи Қандаҳор ба Кобул рабуда шудаанд. Насир Аҳмад-корманди ширкати автобусҳои мусофирбари Ғазнӣ Паймо ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, “ронандаи автобус афроди номаълуми ниқобпӯшро дар либоси сарбозони артиши Афғонистон дидааст ва онҳо ишораи “таваққуф” кардаанд. Ронанда мошинро нигоҳ доштааст”.

Сидиқ Сидиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон гуфтааст, пулис ҳар кореро анҷом медиҳад, то афроди рабудашуда сиҳату саломат раҳо шаванд.

Масъулияти одамрабоиро касе ё гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст. Пайравони шиа аз ҳазораҳо дар Афғонистон зуд-зуд ҳадафи ҳамлаи тундравҳои суннӣ қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG