Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазир: Роҳи Душанбе-Хоруғ 24.02 боз мешавад


Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, роҳи Душанбе-Хоруғ ва Мурғоб-Ишкошим, ки бар асари барфрезиҳои зиёд ва тармафароӣ дар чанд қисмат масдуд шудааст, рӯзи 24 феврал боз хоҳад шуд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Феълан мутахассисони вазорат дар Бадахшон ҳастанд ва бо истифода аз ҳамаи техника кӯшиш доранд, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Мурғоб-Ишкошимро то рӯзи дигар боз намоянд.”

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, кормандони онҳо мардумеро, ки дар мавзеъҳои таҳти хатар қарор доранд ва ҳар лаҳза тарма метавонад ба онҳо осеб бирасонад, ба ҷойҳои амнтар интиқол медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ номумкин шудааст ва дар баъзе нуқтаи роҳҳо тармаҳои баландиашон то 3 метр фаромадаанд.

XS
SM
MD
LG