Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як қирғизистонӣ дар Сурия


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки боз як шаҳрванди ин кишвар дар ҷангҳои тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурия ба қатл расидааст. Акнун шумораи шаҳрвандони кушташудаи Қирғизистон дар ҷангҳои Давлати Исломӣ ба бештар аз 20 нафар расид.

Ҳуввияти ин шахсро маълум кардаанд. Мақомти расмии вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин шахси кушташуда зодаи 25 солаи ноҳияи Қара Суу будааст.

Вале мақомот танҳо ҳарфҳои аввали ному насаби вайро чоп кардаанд. 2 феврал мақомот гуфтанд, ки акунун шумораи кушташудагони ҷангҳои Сурия ба 22 нафар расидааст ва бештар аз 200 нафар шарвандони онҳо дар Сурия меҷанганд. 30 нафари онҳо занон мебошанд.

Бозрасони Қирғизистон барои ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия 83 парванда боз кардаанд. Ахиран Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо эълон кард, ки як ҷо бо тундравҳои Давлати Исломӣ аз 2000 то 4000 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёнадар ҷангҳо ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG