Пайвандҳои дастрасӣ

Авбошии як афсари пойгоҳи Русия ва дуздии автомати Калашников


​Додситонии Кӯлоб алайҳи як афсари пойгоҳи 201, ки дар латту кӯби сокини маҳаллӣ айбдор мешавад, парванда боз кардааст. Тафтиши қазия идома дорад, аммо то ҳол масъулони пойгоҳ чизе нагуфтаанд.

Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи як афсари пойгоҳи 201-и Русия, воқеъ дар ин минтақа, парванда боз кардааст. Ба қавли манбаи мо дар Додситонии Кӯлоб, ин афсари рус дар латту кӯби як сокини маҳаллӣ ва расондани зарари сахти ҷисмонӣ ба ӯ айбдор мешавад.

Манбаи мо афзуд, “капитан Чемизов, афсари пойгоҳи 201-и Русия, дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Кӯлоб дар охирҳои моҳи январ як пешхидматро латту кӯб мекунад.” Ӯ дар идома гуфт, “вақте ин афсари пойгоҳи 201 вориди қаҳвахона мешавад, дар баробари ғизо шароб низ фармоиш медиҳад. Баъд аз он ки сархуш мешавад, доду фарёд мебардорад ва яке аз пешхидматонро сахт латту кӯб мекунад.”

Дар ҳоли ҳозир додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи капитан Чемизов барои расондани зарари сахти ҷисмонӣ парванда боз кардааст. Манбаи мо мегӯяд, як сарбози дигари пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон - Александр Саидахмедов - ҳам барои дуздидани автомати “Калашников” дар таърихи 12 январи соли ҷорӣ ба додгоҳ кашида шудааст.

Ҳангоми пурсиши муфаттиш оид ба сабаби рабудани автомат Александр Саидахмедов гуфтааст, фақат мехост ҳушёрии сарбозони навбатдори бахши силоҳҳоро санҷаду бас. Аммо тафтишот мегӯяд, Александр Саидахмедов қасд доштааст, автомати “Калашников”-ро бифурӯшад.

То ҳол масъулони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар бораи ин қазияҳои марбут ба сарбозонашон изҳори назар накардаанд. Аммо тайи моҳҳои охир бори дувум аст, ки номи сарбозону афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҷурми латту кӯб ва куштори сокинони маҳаллӣ расонаӣ мешавад. Қаблан, Илдар Сахапов ва Федор Басимов – ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия ба ҷурми даст доштан дар қатли ронандаи таксӣ -- Раҳимҷон Тешабоев боздошт шуда, то кунун тафтиши парвандаашон идома дорад. Ин ду сарбози пойгоҳи Русия 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд.

Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

Масъалаи рафтори низомиҳои рус дар хориҷ асосан баъди қазияи як моҳи пеши Валерий Пермяков, як сарбози пойгоҳи Русия дар Арманистон вирди забони расонаҳо шуд. Пермяков рӯзи 12 январ аз қисми низоми воқеъ дар шаҳри Гюмрӣ фирор карда, 7 узви як хонаводаи маҳаллиро аз тири автомати Калашникови бо худ бурдааш ба ҳалокат расонд. Ӯро рӯзе баъд дар наздикии марзи Арманистон бо Туркия дастгир карданд. Русия баъди ин моҷаро ба хотири таскини хашми ҷомиаи Арманистон ваъда дод, ки муҳокимаи парвандаи ин сарбозашро дар худи Арманистон анҷом хоҳад дод ва аз соли 2016 такмили сафҳои пойгоҳҳои хориҷии артиши Русия танҳо аз ҳисоби сарбозони қарордодӣ сурат хоҳад гирифт.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари худ дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбе мӯҳлати будубоши сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид карданд. Дар иваз Русия мебоист дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак кунад. Бино бар созишнома, ин пойгоҳ ҳимояи манфиатҳои Русия ва якҷо бо артиши Тоҷикистон амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Ду тараф онро омили таъмини субот ва амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG