Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди парвандаи 2 сарбози пойгоҳи 201


Раҳимҷон Тешабоев
Раҳимҷон Тешабоев

Мӯҳлати тафтишоти парвандаи ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия, ки дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам дониста мешаванд, то охирҳои моҳи феврал тамдид карда шуд. Як манбаи наздик ба гурӯҳи тафтишотии парвандаи ду сарбози пойгоҳи Русия бо тасдиқи ин хабар рӯзи 22 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти омӯзиши ҳамаҷонибаи чанд ҳолати тафтишотӣ, мақомоти тафтишотии Пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон зарур шумориданд, ки мӯҳлати тафтишот то 29 феврал тамдид карда шавад. Тафтишоти марҳилаи аввали парванда 6 моҳро дар бар мегирифт ва он дар моҳи август шурӯъ шуда буд ва дар моҳи январ ба охир мерасид. Аммо бо назардошти ин, ки ин ду сарбоз барои ташхиси вазъи равонӣ дар Ектеринбург қарор доштанд, тафтишот идома надошт. Ин манбаъ мегӯяд, масъалаи дигаре, ки ҳанӯз ҳалли худро мехоҳад, бо роҳи расмӣ аз мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дарёфт кардани натоиҷи ташхиси аввалия мебошад, ки ҷониби Душанбе пас аз ҳодиса анҷом додааст. Ва барои ин Додситони кулли Русия ба Додситонии кулли Тоҷикистон бояд расман нома ирсол дорад ва ин таҳқиқотро бигирад, ки барои ин низ фурсат лозим аст.

Бо назардошти ин ҳама, гурӯҳи тафтишотии парвандаи ду сарбози пойгоҳи Русия Идар Сахапов ва Федор Басимовро, ки дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам мешаванд, то авохири моҳи феврал тамдид кард. Ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26-уми августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19-уми август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоеваз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштанд.

XS
SM
MD
LG