Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ҳаҷми содироти сӯзишвории бидуни боҷи гумрукиаш ба Тоҷикистон барои соли 2015-ро 170 00 тонна коҳиш додааст. Вазири энергетика мегӯяд, ин ҳолат бо гуноҳи ширкатҳои воридкунанда рух додааст.

Соли гузашта Русия иҷозат дода буд, ки ширкатҳо то як миллион тонна сӯзишвориро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид кунанд. Аммо имсол Русия барои Тоҷикистон 170 ҳазор тонна камтар аз соли қаблӣ содироти сӯзишвории бидуни боҷро иҷозат додааст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 21 январ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба воридоти сӯзишвории бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аз Русия гуфт, мутахассисони вазорат бо ҳамтоёни руси худ аллакай шартномаи навро ба имзо расониданд, аммо ҳаҷми сӯзишворӣ аз соли гузашта камтар аст. Вай афзуд: “Машварати мо бо мақомоти Русия ин тавр буд, ки чӣ миқдоре, ки дар соли 2014 Тоҷикистон аз Русия маҳсулоти нафтӣ ворид кунад, дар соли оянда Русия ба мо аз ҳамон миқдор 10 дарсад бештар барои содир кардани сӯзишворӣ бидуни пардохти боҷи гумрукӣ иҷозат хоҳад дод.”

Ҷаноби Усмонзода илова кард, мутаассифона, ширкатҳои Тоҷикистон натавонистанд, як миллион тонна сӯзишворие, ки Русия соли гузашта ба мо дода буд, ба кишвар ворид кунанд. Вай афзуд, ширкатҳои Тоҷикистон тайи соли гузашта ҳамагӣ 576 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, асосан бензин ва солярка ба кишвар ворид карданд, ки каме бештар аз нисфи он квотаест, ки Русия ба Душанбе ҷудо карда буд.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон

Вай гуфт: Русия соли гузашта ба Тоҷикистон барои ворид кардани гази моеъ бе пардохти боҷ танҳо 8 ҳазор тонна квота муқаррар карда буд. Аммо ширкатҳои мо 27 ҳазор тонна газ ворид карданд. Барои ҳамин мо аз мақомоти Русия хоҳиш кардем, ки квотаи гази моеъро барои мо бештар кунанд.”

Ҳамин тариқ, ба таъкиди вазири энергетика ва захираҳои об, Тоҷикистон имсол аз Русия бидуни пардохти боҷи гумрукӣ метавонад танҳо 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кунад. Аз ин 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна солярка, 40 ҳазор тонаи керосини авиатсионӣ, 40 000 тонна мум, 20 ҳазор тонна нафти коксӣ ва 160 ҳазор тоннаро гази моеъ ташкил медиҳанд.

Коршиносон мегӯянд, як бахши аъзами даромади ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхти Тоҷикистон аз ҳисоби содироти он ба Афғонистони ҳамсоя ба даст меомад. Ба таъкиди онҳо, бо назардошти талаботи Афғонистон ширкатҳо имкони ворид кардани то як миллион тонна сӯзишвориро доштанд, аммо чун ҷониби Русия реэкспорт ё содироти дубораи маҳсулоти нафтии худ ба кишварҳои савумро барои ширкатҳои Тоҷикистон манъ кардааст, ин ширкатҳо натавонистанд аз квотаи муқарраркардаи Русия пурра истифода кунанд.

Имзои созишнома дар Маскав. 4 феврали соли 2013

Имзои созишнома дар Маскав. 4 феврали соли 2013

Созишномаи Тоҷикистону Русия дар мавриди содироти маҳсулоти нафтии бидуни боҷро вазирони вақти энержии Русияву Тоҷикистон Александр Новак ва Шералӣ Гул моҳи феврали соли 2013 ба имзо расонида буданд. Тибқи ин қарордод, Русия боҷи гумрукиеро, ки соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон эъмол карда буд, аз байн бурда, дар соли 2013 ба Душанбе бидуни боҷ 1 миллион тонна маводи сӯхт хоҳад дод. Ин квотаи якмиллионӣ соли 2014 низ ҳифз шуд, вале имсол 170 000 тонна коҳиш ёфт.

Лағви боҷи гумрукӣ аз содироти маводи сӯхташ як ваъдаи Русия дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми он кишвар дар Тоҷикистон то соли 2042 буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG