Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳ соли зиндон барои 42 грамм ҳероин


Додгоҳе дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро барои қочоқи маводи мухаддир ба даҳ соли зиндон маҳкум кардааст.

Аз ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Мурод Усмонов ном бурда мешавад, ки ба иддаои мақомоти интизомии Русия, талош доштааст, каме бештар аз 42 грамм ҳероинро вориди ин кишвар Русия кунад ва ба фурӯш барорад.

Боздошти Мурод Усмонов тобистони соли 2014 иттифоқ уфтодааст. Додгоҳ мегӯяд, даҳ соли ҳукми зиндонро бо талаби айбдоркунандаи давлатӣ эълон кард ва Усмонов бояд дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG