Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси қабл аз издивоҷ - зидди азҳампошии оилаҳо


Махфират Хидирзода

Махфират Хидирзода

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон роҳандозии ташхиси қабл аз издивоҷ барои навҷавононро роҳи ҳалли азҳампошии хонаводаҳо донистанд.

Махфират Хидирзода -- раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, ки дар нишасти хабарии 26 январ суҳбат мекард, гуфт, ҳоло як гуруҳи вижа масъалаи ташхиси пеш аз издивоҷро баррасӣ доранд ва баъдан хулосаи худро ба ҳукумат пешниҳод хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми имсолаи худ ба парлумон ташхиси пеш аз издивоҷро муҳим дониста, аз масъулон хост, дар ин бора ва никоҳи хешутаборӣ лоиҳаи қонунро пешниҳод кунанд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 9 ҳазору 132 ҳолати қатъи никоҳ сабт шудааст, ки ин рақам дар муқосиа ба як соли пеш 938 ҳолат зиёдтар мебошад.

XS
SM
MD
LG