Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Африқои Ҷанубӣ барандаи Ҷоми Иттиҳод шуд


Мунтахаби ҷавонони футболи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (U-21) ғолиби мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” гардид.

Мунтахаби ҷавонони зери 20-солаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар Санкт-Петербурги Русия пирӯз шуд. Футболбозони ҷавони африқоӣ дар бозии ниҳоӣ, ки шаби якшанбеи 25-уми январ дар маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо гардид, мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Финляндияро бо ҳисоби 2-1 шикаст доданд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. Ҳисобро Мадиша, капитани мунтахаби ҶАҶ, дар дақиқаи 15-ум боз кард. Баъди 22 дақиқа Тамминен, бозигари мунтахаби Финляндия, ҳисобро баробар намуд. Тӯби дувум ва ҳалкунандаро Марайсане, футболбози африқоӣ, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 77-ум, ба ҳадаф расонд.

Финал

ҶАҶ – Финляндия – 2-1 (1-1)

Голҳо: Мадиша, 15 (1:0), Тамминен, 38 (1:1), Марайсане, 78 (2:1).

ҶАҶ: Мсиби, Сериба, Мадиша (к), Леепиле, Нгобо, Марайсане, Модиба, Фармер, Буиканю (Домингу, 67), Масия (Матабела, 84), Лютхули.

Финляндия: Эрикссон, Хатакка, Виитикко (Сааринен, 90), Ёқубӣ (к), Лассас, Хови, Воутилайнен (Нурмос, 84), Анямеле, Храдэчки (Тэйлор, 63), Ояла (Сойри, 34; Туоминен, 73), Раҳимӣ (Тамминен, 34; Аалтонен, 82).

Огоҳонида шуданд: Сериба, 60, Виитикко, 82, Хови, 87, Ёқубӣ, 88.

Доварон: Ал. Сухой, Р. Абусуев, Е. Болховитин.

Санкт-Петербург, МВК “Петербургский”, 2500 тамошобин.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҶАҶ бо Ҷоми Иттиҳод ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Финляндия барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Мунтахаби Беларус, ки шоми якшанбе дар бозӣ барои ҷойи 3-юм дастаи Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 4-0 шикаст дод, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Мунтахаби Туркманистон чорум шуд.

Дар ҷойҳои минбаъда дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия (5-ум), Қирғизистон (6-ум), Қазоқистон (7-ум), Тоҷикистон (8-ум), Молдова (9-ум), Латвия (10-ум), Литва (11-ум) ва Эстония (12-ум) қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Русия бо ҳисоби бузурги 4-0 ғалаба карда, барандаи “Ҷоми Иттиҳод-2014” гардида буд. Вале футболбозони ҷавони Украина дар мусобиқаи имсола ширкат накарданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон 25-уми январ дар мусобиқаи “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар бозӣ барои ҷойи 7-ум аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Ҳарду голи мунтахаби Қазоқистонро ҳамлагар Сариев дар дақиқаҳои 5-ум ва 85-ум зад. Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳии “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар нахустин бозиаш тими Қазоқистонро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода буд.Голро ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расондааст.

Мусобиқаи “Ҷоми Иттиҳод-2015”

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

Қазоқистон – Тоҷикистон - 2:0

Голҳо: Сариев, 5 (1:0), 85 (2:0).

Қазоқистон: Павлов, Аслан (к), Антипов, Сартаков, Рудоселский (Халезов, 46; Одилхонов, 66), Ҷалилов (Родионов, 46), Тунгишбоев (Сулей, 90), Шаихов, Тулиев, Хайруллин, Сариев.

Тоҷикистон: Додобоев, Шарифов А. (к), Ҷӯрабоев, Саидов (Ҷалилов, 66), Шарифов Ф., Алиев, Эргашев, Раҳматов, Саидхони Амрохон, Абдуғаффоров, Азимов.

Огоҳонида шуданд: Хайруллин, 35, Сариев, 38, Абдуғаффоров, 43, Тулиев, 54, Ҷалилов, 67, Алиев, 73, Сулей, 90, Шарифов, 90.

Аз майдон хориҷ шуд: Сариев, 90 (корти дувуми зард).

Доварон: О. Соколов, К. Болшаков, Р. Мухторов (ҳама аз Русия).

25-уми январ, Санкт-Петербург, МВК “Петербургский”, 300 тамошобин.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев дар мусобиқаиXXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар байни 12 даста дар ҷойи 8-ум қарор гирифт ва аз тимҳои Молдова, Латвия, Литва ва Эстония пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 6 бозӣ дар дутоаш бар тимҳои Қазоқистон (1-0) ва Литва (2-1) пирӯз шуда, дар чор бозӣ аз дастаҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (1-3), Туркманистон (0-2), Қирғизистон (1-3) ва Қазоқистон (0-2) шикаст хӯрданд. Таносуби тӯбҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 5-11 мебошад.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаиXXI байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2013” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашта буд. Мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом додааст: 2 ғалаба бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2. Таносуби тӯбҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон– 6-11 (бидуни тӯбҳо аз силсилаи пеналтӣ).

Соли гузашта бошад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар мусобиқаи XXII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2014” дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифта,танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашта буд.

Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1). Таносуби тӯбҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон – 7-11 (бидуни тӯбҳо аз силсилаи пеналтӣ).

XS
SM
MD
LG