Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон имрӯз, 25-уми январ, дар мусобиқаи “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар Санкт-Петербург аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.

Мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум аз тими Қазоқистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 25-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Ҳарду голи мунтахаби Қазоқистонро ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон Сариев дар дақиқаҳои 5-ум ва 85-ум зад.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳии “Ҷоми Иттиҳод-2015” рӯзи 17-уми январ дар нахустин бозиаш тими Қазоқистонро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода буд. Голро Ҷаҳонгир Эргашев дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум, ба ҳадаф расонида буд.

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

Қазоқистон – Тоҷикистон - 2:0

Голҳо: Сариев, 5 (1:0), 85 (2:0).

Қазоқистон: Павлов, Аслан (к), Антипов, Сартаков, Рудоселский (Халезов, 46; Одилхонов, 66), Ҷалилов (Родионов, 46), Тунгишбоев (Сулей, 90), Шаихов, Тулиев, Хайруллин, Сариев.

Тоҷикистон: Додобоев, Шарифов А. (к), Ҷӯрабоев, Саидов (Ҷалилов, 66), Шарифов Ф., Алиев, Эргашев, Раҳматов, Саидхони Амрохон, Абдуғаффоров, Азимов.

Огоҳонида шуданд: Хайруллин, 35, Сариев, 38, Абдуғаффоров, 43, Тулиев, 54, Ҷалилов, 67, Алиев, 73, Сулей, 90, Шарифов, 90.

Аз майдон хориҷ шуд: Сариев, 90 (корти дувуми зард).

Доварон: О. Соколов, К. Болшаков, Р. Мухторов (ҳама аз Русия).

25-уми январ, Санкт-Петербург, МВК “Петербургский, 300 тамошобин.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев дар мусобиқаи “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар байни 12 даста дар ҷойи 8-ум қарор гирифт ва аз тимҳои Молдова, Латвия, Литва ва Эстония пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 6 бозӣ дар дутоаш бар тимҳои Қазоқистон (1-0) ва Литва (2-1) пирӯз шуда, дар чор бозӣ аз дастаҳои Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ (1-3), Туркманистон (0-2), Қирғизистон (1-3) ва Қазоқистон (0-2) шикаст хӯрданд. Таносуби тӯбҳояшон 5-11 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаи “Ҷоми Иттиҳод-2013” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашта буд. Мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 ғалаба бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2. Таносуби тӯбҳо – 6-11.

Соли гузашта бошад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар мусобиқаи “Ҷоми Иттиҳод-2014” дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1). Таносуби тӯбҳо – 7-11.

Имрӯз, 25-уми январ, мунтахаби Русия дар бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3-1 ғалаба кард. Голҳо: Курзенев, 19 (1:0). Кирисов, 42 (2:0). Умаров, 70 (2:1). Курзенев, 74 (3:1).

Инчунин шоми якшанбе мунтахаби Беларус дар бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум дастаи Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 4-0 шикаст дод.

Имшаб соати 21 ба вақти Душанбе бозии ниҳоӣ байни тимҳои Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ - Финляндия барпо мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015”

24-уми январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум. Эстония – Литва - 0-1

Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум. Молдова – Латвия – 1-1 (пен. 6-5)

25-уми январ (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум. Қазоқистон – Тоҷикистон - 2-0

Бозӣ барои ҷойи 5-6-ум. Русия – Қирғизистон – 3-1

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Беларус – Туркманистон -4-0

21.00 – Финал. ҶАҶ – Финляндия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG