Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Қирғизистон бо ҳисоби 1-3


Мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон аз тими Қирғизистон дар Ҷоми Иттиҳод дар Санкт-Петербург бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрд.

Мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум дар мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шоми ҷумъаи 23-юми январ дар Маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия хотима ёфт.

Ду голи мунтахаби Қирғизистон дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаҳои 5-ум ва 18-ум ва голи севум дар нимаи дувум, дар дақиқаи 54-ум зада шуд. Голи Тоҷикистон дар замони изофии 90+1 ба ҳадаф расид.

Дар бозии дигар барои ҷойҳои 5-8-ум мунтахаби ҷавонони Русия бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Ба ин тартиб, 25-уми январ барои ҷойи панҷум мунтахаби Русия бо Қирғизистон ва барои ҷойи ҳафтум Тоҷикистон бо Қазоқистон рақобат мекунанд.

Шоми имрӯз соати 18:30 ба вақти Душанбе бозиҳои даври ниманиҳоӣ байни дастаҳои Беларус - Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ва соати 21:00 Туркманистон – Финляндия баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG