Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон 21-уми январ дар бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод дар Санкт-Петербург аз тими Туркманистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.

Мунтахаби ҷавонони футболи зери 21-солаи Тоҷикистон, ки шаби чоршанбеи 21-уми январ дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар Санкт-Петербурги Русия аз тими Туркманистон бо ҳисоби 0-2 мағлуб гашт, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд.

Голи аввали мунтахаби Туркманистонро ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон Аннаев дар замони изофии нимаи аввали бозӣ (45+3) ва голи дувумро Аннақулиев дар дақиқаҳои охири нимаи дувум (86) заданд.

Тоҷикистон – Туркманистон - 0:2 (0:1)

Голҳо: Аннаев, 45+3 (0:1), Аннақулиев, 86 (0:2).

Тоҷикистон: Сониев, Шарифов (Раҳматов, 65), Ҷӯрабоев, Шарифов, Алиев, Эргашев, Саидхони Амрохон (Музаффаров, 77), Абдуғаффоров, Ҷалилов (Саидов, 68), Раҳмонов, Азимов.

Туркманистон: Бердиев, Аннақулиев, Хоҷовов, Сапаров (к), Аннаев (Сейдиев, 90), Акиев (Хоҷаев, 90), Гошанов, Байов (Ковусов, 72), Раҷабов (Акмаммедов, 45), Нурмуродов (Сапармамедов, 89), Беренов.

Доварон: А. Фисенко, Р. Абусуев, А. Рунов (ҳарсе аз Русия).

21 январ, Санкт-Петербург, МВК “Петербургский, 1000 тамошобин.

Огоҳонида шуданд: Нурмурадов, 29, Аннақулиев, 86, Шарифов, 88.

Се бозии дигари даври чорякниҳоӣ, ки 21-уми январ баргузор шуд, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт:

Қирғизистон – Финляндия – 0-1

Гол: Раҳимӣ, 79.

Беларус – Қазоқистон – 1-1 (3-1 – аз рӯи силсилаи пеналтӣ)

Голҳо: Ҷалилов, 64 (0-1), Яротский, 77 (1-1)

Русия – ҶАҶ - 0:2 (0:0)

Голҳо: Майрасне, 50 (0:1). Лютхулӣ, 55 (0:2).

Ба ин тартиб, дастаҳои Финляндия, Беларус, Туркманистон ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ (ҶАҶ) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Тимҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия барои ҷойҳои 5-8-ум мубориза мебаранд.

Мунтахаби Тоҷикистон 23-юми январ бо дастаи Қирғизистон (соати 16:15 ба вақти Душанбе) ва 25-уми январ бо ғолиб ё мағлуби бозии Русия-Қазоқистон рақобат мекунад.

Тақвими бозиҳои “Ҷоми Иттиҳод-2015”:

22-юми январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум

18:30 – Эстония – Молдова

21:00 – Латвия – Литва

23-юми январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

Русия - Қазоқистон

16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

Қирғизистон - Тоҷикистон

18:30 – Нимфинал. Беларус--ҶАҶ

21:00 – Нимфинал. Туркманистон-Финландия

24-уми январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25-уми январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG