Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари пулис бо 5500 доллар ба чанг уфтод


Як афсари пулис дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт шудааст. Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бар пояи шикояти як сокини ноҳияи Синои пойтахт бо номи Ҷалилова.С алайҳи корманди фаврии шӯъбаи корҳоии дохилии шумораи 2, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, капитани пулис Ҷамолиддин Одинаев ба Ҷалилова.С ваъда додааст, ки бар ивази 5500 доллар номи бародарашро ба феҳристи раҳошавандагон ба пояи қонуни “авф” шомил менамояд. Манбаъ мегӯяд, ки Ҷамолиддин Одинаев дар таърихи 8 январ замоне, ки аз Ҷалилова.С маблағро мегирифт, боздошт шуд. Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, дар вақти кофтукови шахсии ин афсари пулис, аз кисаи рости шимаш як миқдор хокаи рангаш хокистаранги бӯи ғализдоштаи бо маводи мухаддир монанд пайдо ва мусодира карда шуд. Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, алайҳи Ҷамолиддин Одинаев бо моддаи 247 қисми 4 бандҳои “б”-и Кодекси ҷиноӣ “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

XS
SM
MD
LG