Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

53 парвандаи ҷиноӣ зидди ҷиҳодиёни тоҷик


Вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, дар нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ гуфт, бино бар шуморишҳои мақомоти Тоҷикистон ҳоло 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ширкат мекунанд. Вай афзуд, дар соли гузашта бо иттиҳоми ширкат дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои савум зидди 53 шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 12 нафари онҳо дар Ироқу Сурия меҷангидаанд. Се шаҳрванди Тоҷикистон ихтиёран аз ин кишварҳо баргаштаанд ва баъд аз сӯҳбат бо мақомоти дахлдор озод шуданд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз падару модарон ва хешовандони онҳое, ки дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои савум ширкат мекунанд, дархост кард, ба баргардондани наздикони худ талош кунанд. Вай таъкид намуд, ки бино бар қонунгузориҳои Тоҷикистон онҳое, ки бо хоҳиши худ бармегарданд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG